Душанбе. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз соати 16-у 30 дақиқа дар маҷлисгоҳи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бо иштироки намояндаи махсуси дабири кулли СММ ва роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ
(
UNRCCA
)
Мирослав Енча нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.
Машваратчӣ оид ба робитаҳои хориҷии Барномаи рушди СММ Сафарбек Солиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар нишасти матбуотӣ атрофи масоили мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои замони ҳозира, терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сӯҳбат барпо мегардад.
Ба иттилои сарчашма, ҳамин рӯз М.Енча ният дорад бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва дигар намояндагони расмӣ мулоқот кунад.
«Қаблан доктори илмҳои ҳуқуқ Мирослав Енча ба ҳайси вазири корҳои хориҷии Словакия, роҳбари Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тошканд, намояндаи Словакия дар Кумита оид масоили сиёсӣ ва амнияти Иттиҳоди Аврупо, сафири Словакия дар Мексика, Венесуэла ва Колумбия ифои вазиф анамудааст», - изҳор дошт С.Солиев.
Ёдрас мекунем, ки Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ моҳи декабри соли гузашта дар Ашқобод ифтитоҳ гардида буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста