Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) ба ҷойи вакили рафта дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаи интихоботии рақами 26-и Қӯрғотеппа номзадҳои худро пешниҳод намуданд.
Аз Комиссия марказии интихоботи (КМИ) ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҲХДТ сардори раёсати адлияи вилояти Хатлон Саодат Амиршоеваро номзад пешбарӣ кардааст. Мавсуф шомили ягон ҳизб нест. ҲСТ соҳибкори инфиродӣ Раъно Абдуллоеваро номзад пешбарӣ кардааст.
«Интихобот ба ҷои вакили рафта Асомиддин Саидов, ки сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон таъин гашт, дар таърихи 10-уми август баргузор мегардад», - иттилоъ дод манбаъ.
Ба гуфтаи намояндаи КМИ ҶТ, дар ҳавзаи интихоботии номбурда 74 ҳазору 600 нафар сокинони шаҳрҳои Сарбанд, Қӯрғонтеппа ва қисми ноҳияи Бохтор ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста