Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мудири кулли Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Зарубежнефтегаз»-и ширкати русиягии «Газпром» Валерий Гулев доир гардид.
Сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки М.Убайдуллоев аз фаъолияти ширкат дар ҷустуҷӯи конҳои гази Тоҷикистон қаноатмандӣ кард. Ӯ боварии худро изҳор намуд, ки ширкат метавонад дар зарфи 9 соли амалисозии лоиҳа талаботи Тоҷикистонро бо газ таъмин созад.
Бино ба иттилои манбаъ, В.Гулев мири пойтахтро бо ҷараёни корҳо дар чаҳор кон шинос намуда, масъалаи сохтмони намояндагии «Газпром» дар шаҳри Душанбе ва иштироки ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи иҷтимоӣ дар пойтахтро зарур донист.
«Раиси шаҳри Душанбе бо дарназардошти тавоноии молияии ширкати русиягӣ пешниҳод сохт, ки «Газпром» дар бунёди нерӯгоҳҳои обию барқии ҶТ ва сохтмони манзилгоҳ сармоягузорӣ намуда, таъмини Тоҷикистон бо гази моеъ ва тарзи истифодаи бехавфи он дар нақлиёти ҷамъиятиро ҷорӣ кунад», - идома дод Ш.Саидов.
М.Убайдуллоев изҳор дошт, ки мақомоти шаҳрдорӣ омода аст, масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони намояндагии ширкати «Газпром»-ро муҳокима намояд ва ҷиҳати иштироки ширкат дар лоиҳаҳои соҳаи иҷтимоӣ бунёди мактаби таълим бо забони русиро пешниҳод сохт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста