Кӯлоб. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Шӯъбаи бонки «Тоҷиксодиротбонк» дар Кӯлоб барои нахустин бор ҷиҳати рушди соҳаи моҳипарварӣ қарз ҷудо намудааст. Сардори шӯъбаи бонк Абдукарим Неъматов иттилоъ дод, ки дар хоҷагии деҳқонии ба номи А.Назаров, ки дар канори шаҳри Кӯлоб воқеъ асту ҳавзи моҳипарвариаш солҳо бекор мехобид, тасмим гирифтанд, аз нав ба моҳипарпварӣ машғул шаванд. Бонк ба ин мақсад ба онҳо дар марҳилаи аввал ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ қарз ихтисос додааст.
Ба гуфтаи ӯ, миёни муштариёни «ғайриоддии» бонк занбӯриасалпарварон низ ба андозаи 20 ҳазор сомонӣ қарз гирифтаанд.
А.Неъматов изҳор дошт, ки муштариёни боқимонда ҳама анъанавӣ - саноатчиён, сохтмончиён, нақлиётчиён, пахтакорон ва соҳибкорон мебошанд.
«Дар нимсолаи аввал ба ҳама соҳаҳо аз ҷониби бонк ба маблағи 8 млн. 36 ҳазору 242 сомонӣ қарзҳо ҷудо гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 1 млн. сомонӣ бештар аст», - гуфт корманди бонк ва афзуд, ки ҷудо кардани маблағи қарзӣ ба соҳаи кишоварзӣ афзудааст ва аз рӯи ин нишондиҳанда он ба мақоми дуввум баромадааст.
«Ба ин соҳа дар нимсолаи аввал ба маблағи 2 млн. 983 ҳазору 880 сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи пахтакорӣ қариб 2,5 млн. сомонӣ қарзҳо ихтисос дода шудаанд», - таъкид сохт А.Неъматов.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар ин масъала чун анъана соҳибкорон ва тоҷирон пешқадаманд ва онҳо дар ин давра 4 млн. 96 ҳазору 173 сомонӣ қарз гирифтаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста