Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Шаҳрдории Душанбе дар робита ба натиҷагирӣ аз корҳои анҷомдодаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ маъракаи «70 рӯзи масъулият»- ро барои тамоми сокинон ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидории пойтахт эълон намуд.
Зимнан, муқаррар гардид, ки то 20 сентябри соли ҷорӣ комиссияҳои ҷамъиятию депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳолати омодагиҳоро дар таносуби ҳар кадом шаҳраку маҷаллаҳои навоҳӣ ва корхонаву муассисаҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолиятдоша мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Бо дарназардошти муқаррароти мазкур аз тамоми сокинон даъват ба миён оварда шуд, ки нисбати ин маъракаи муҳим бо ҳисси масъулияти баланд муносибат намуда, оид ба камбудиҳои мавҷуда, ки масъулин ҳангоми омодагиҳо ба мавсим роҳ додаанд унвонии комиссияҳои марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тавассути телефонҳои 221- 35- 68 ва 221- 62-56 муроҷиат намоянд. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста