Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Ягона камбуди асосии кори гурӯҳи корӣ дар он аст, ки онҳо бобати бекор кардани банди маҳрум будани шахсони дорои доғи судӣ барои номзадӣ дар интихобот ба мувофиқа нарасиданд», - изҳор дошт ҳуқуқшиноси варзида Ашӯрбой Имомов.
А.Имомов, ки дирӯз дар маросими ба имзо расидани лоиҳаи пешниҳодоти гурӯҳи корӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба
Қонунҳои конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» чун коршиноси мустақил иштирок кард, изҳор дошт, ки низоми ҷазодиҳӣ дар Тоҷикистон инсонпарварона нест,
«аз ин рӯ, мо бояд онро ба эътибор гирем».
«Гап сари он аст, ки муқаррароти мазкури тибқи моддаи 33-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» пешбинишуда, ба меъёрҳои қонунгузории байнулмилалӣ ҷавобгӯ нест, - изҳор дошт ӯ. - Ин дар ҳолест, ки сол то сол сафи шахсони дорои доғи судӣ дар ҷумҳурӣ зиёд мешавад ва бад ин сурат онҳо аз ҳуқуқи номзадиашонро гузоштан дар интихобот маҳрум мегарданд».
Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни мубоҳисаҳои якмоҳа намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон пешниҳод сохтанд, ки чунин маҳдудият бекор карда шавад, вале аксари иштирокчиён онро дастгирӣ накарданд.
Ёдрас мекунем, ки лоиҳаҳо дар муддати як моҳ аз ҷониби гурӯҳи махсуси кории ҳизбҳои расман амалкунандаи ҶТ бо дастгирии IFES таҳия гашта буданд.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста