Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» -
Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ
тайи шаш моҳи соли равон беш аз 58 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил кардааст. Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи агентии номбурда муовини директори агентӣ Анвар Бобоев дар ин хусус иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи нақшаи пешакӣ аз рӯи Барномаи мусоидати шуғли аҳолии ҶТ барои солҳои 2008-2009, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 663 адад зиёдтар аст.
«Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, шумораи коргарони кирояи корхонаҳои шакли моликияташон гуногун соли ҷорӣ ба 1 млн. 33,7 ҳазор нафар расидааст, ки 50,9 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил медиҳад», - гуфт А.Бобоев.
Ӯ изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввал агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 73 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил кардааст, ки дар он 973 корхонаву муассисот иштирок карда, 14 ҳазору 771 ҷойҳои корӣ пешниҳод сохтаанд.
«2 ҳазору 895 нафар бекорон бо кор таъмин гардида, 779 нафар ба курсҳои омӯзиши касб номнавис шуданд ва 103 нафари онҳо имрӯз пас аз хатми курсҳо соҳиби касбу кори муайяне шудаанд», - афзуд А.Бобоев.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста