Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе семинари гузориши шарҳи низоми санҷиши Стратегияи коҳиши фақр ба кор оғоз кард.
Сухангӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғафурҷон Расулов иттилоъ дод, ки ҳадаф аз баргузории семинар - шарҳи вазъи низоми мониторинги Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баррасии пешниҳодоти такмили он аст.
«Низоми мазкур мутобиқи талаботи сохтори масъул ба татбиқи мониторинги коҳиши сатҳи фақр, аз ҷумла раёсати мониторинги барномаҳои миллӣ ва минтақавии вазорат созмон дода мешавад, - гуфт ӯ. - Семинар ба ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати шарҳу таҳлили низом ва ошкор сохтани талаботи иловагии муштариён имкониятҳои мусоид фароҳам месозад».
Ба иттилои манбаъ, семинар аз ду қисм иборат аст. Имрӯз бо иштироки намояндагони ҷонибҳои манфиатдори вазорату муассисот, созмонҳои мададрасон ва Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар соҳаи санҷиши сатҳи фақр фаъолият мебаранд, сессия баргузор мегардад. Фардо иштирокчиён ба шарҳу тафсири низоми иттилоотии мониторинги Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ машғул мешаванд.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста