Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз сафири Олмон дар Тоҷикистон Райнер Мюллер бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ мулоқот кард.
Роҳбари маркази таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода иттилоъ дод, ки ҷонибҳо дар чаҳорчӯбаи мулоқотҳои ахири сафир, ки рӯзҳои наздик ваколаташ дар кишвари мо ба анҷом мерасад, оид ба вазъи феълии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъи Тоҷикистон тайи ду соли ахир, ки Р.Мюллер ба ҳайси сафир ифои вазифа мекард, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ба қавли Ҳ.Сайфуллозода сафир гуфтааст, ки «ӯ ба кор бо рӯҳу илҳом ва ҷаҳду талоши некбинона шурӯъ карда буд, вале имрӯз он рӯҳу илҳом заиф гаштааст».
«Ҳангоми баррасии рӯйдодҳои ахири кишвар ҷонибҳо ба чунин мувофиқа расиданд, ки Тоҷикистон кишварест, ки омилҳои хоси худро дорад ва ин ҷо мардум нисбат ба ҳукумат масъулияти бештареро ҳис мекунанд», - гуфт Ҳ.Сайфуллозода.
Ба иттилои сарчашма, сафир мавқеи ҲНИТ-ро нисбат ба рӯйдодҳо ва тамоилҳо дар Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста