Конибодом. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Конибодом яке аз корхонаҳои бузурги равғанкашии ҷумҳурӣ - Ҷамъияти саҳомии «Ассор» аз фаъолият бозмондааст.
Аз шӯъбаи саноати мақомоти шаҳрдорӣ хабар доданд, ки корхона дар як шабонарӯз қодир аст, то 300 тонна маҳсулотро коркард кунад, вале ба иллати норасоии ашёи хом - тухмии пунбадона аз фаъолият бозмондааст.
«Чанде қабл корхона бо равғани пахта тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғдро таъмин месохт ва аз боқимондаҳои истеҳсолии он хӯроки чорво тайёр карда мешуд, аммо имрӯз онро аз хориҷи кишвар меоранд», - идома дод манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, дар нимсолаи аввал корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 21 млн. 446 ҳазору 761 сомонӣ маҳсулот тавлид намуда, иҷрои нақшаро ба андозаи 107,4% таъмин карданд. Дар иҷрои барзиёди нақшаи истеҳсолӣ саҳми корхонаҳои саноатӣ, аз қабили Ҷамъияти саҳомии «Конибодом» (маҳсулоти консерва), корхонаи таъмири вагонҳо, Ҷамъияти саҳомии «Бодом» (қисмҳои эҳтиётии автомобили навъи ГАЗ), ҷамъияти саҳомии «Шоҳон» ва корхонаи муштараки «Ассор-Перм» назаррас аст.
«Аз норасоии ашёи хом корхонаҳои истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии «Ресмон», Ҷамъияти саҳомии ба номи Э.Бойматова (коркарди пахта), сехи истеҳсолӣ ва омӯзишии ҷамъияти нобиноён (истеҳсоли молҳои истифодаи ҳамарӯзаи аҳолӣ) аз ӯҳдаи иҷрои нақша набаромаданд», - афзуд манбаъ.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста