Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Аввали ҳафта дар шаҳри Бишкек зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Адвокатсияи коҳиши зарари истеъмоли маводи мухаддир» масоили ҷорисозии эҳёгарии ивазкунанда дар коҳиши хавфи гирифторӣ ба нашъа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз Вазорати тандурустии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ мутахассисони Маркази назорат ва пешгирии нашъамандӣ, Маркази ҷумҳуриявии табобати касалиҳои пӯст, Маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои нашъамандии ба номи Минҳоҷ Ғуломов ва Маркази муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масунияти (ВНМО/БНММ) вилояти Хатлон иштирок карданд.
Ба иттилои манбаъ, чорабинӣ бо мақсади шиносоӣ бо усулҳо ва таҷрибаи коҳиши зарари маводи мухддир ва муҳокимаи татбиқи минбаъдаи барномаи коҳиши зарар дар минтақаи Осиёи Марказӣ доир гардид.
«Дар мизи мудаввар перомуни истифодаи технологияҳои нав ҷиҳати коҳиши хавфи истеъмоли нашъа мубоҳисаҳо шуданд, - идома дод манбаъ. - Мутахассисон ҳамчунин оид ба механизми тозаи ташкили кор, нақши мақомоти давлатӣ дар коҳиши хавфи истеъмоли нашъа табодули афкор намуданд».
Мизи мудаввар бо ташаббуси Лоиҳаи назорати ВНМО/БНММ дар Осиёи Марказӣ созмон дода шуд. Дар он ҳамчунин намояндагони сохтори марбутаи кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ иштирок карданд.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста