Хуҷанд. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ба иллати норасоии об дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳосили зироати шолӣ талаф меёбад.
Ба гуфтаи сардори раёсати кишоварзии вилояти Суғд Бобоҷон Домуллоев, имрӯз аллакай бо боварии комил метавон гуфт, ки шоликорони вилоят соли равон ба миқдори 1 ҳазору 305 тонна камтар ҳосили шолӣ ба даст меоранд, зеро нисбат ба соли гузашта дар майдони
«Айни замон сатҳи воридшавии об ба обанбори Қайроққум ҳамагӣ ба 150 метри мукааб дар як сония баробар аст, сатҳи обпартоӣ бошад, 390 метри мукааб дар як сония аст», - изҳор дошт Б.Домуллоев.
Мувофиқи маълумоти раёсати кишоварзии вилоят, шоликорон соли равон ният доранд, 17 ҳазору 742 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Ин рақам соли гузашта 20075 тоннаро ташкил медод.
Камшавии истеҳсоли шолӣ ба шӯршавии заминҳо ва риоя накардани тартиби кишти тухмӣ вобаста аст: як намуди зироат ҳамеша дар як ҷой кишта мешавад.
Дар вилояти Суғд кишти шолӣ дар ҳамаи ноҳияҳои даштдор ва аз ноҳияҳои кӯҳистон танҳо дар Панҷакент кишт мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста