Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷаласаи кумитаи ҳамоҳангсозӣ ва идораи лоиҳаи «Ташаббуси рушди водии Зарафшон» баргузор гардид.
Мушовир оид ба иқтисоди дафтари минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар ноҳияи Айнӣ Фирӯз Ҳамидов иброз дошт, ки ҷаласа бо мақсади огоҳсозии дақиқи ҷомеа ва намояндагони мақомоти маҳаллии давлатӣ бо дастовардҳои амалисозии лоиҳа ва муҳокимаи хулосаҳои баҳогузории солонаи Департаменти рушди байнулмилалии ҳукумати Бритониёи Кабир (
DFID
) доир гардид.
Ба гуфтаи ӯ, дар бораи комёбиҳои татбиқи лоиҳаҳои «Нақши шарикӣ дар идораи самараноки сармоя», «Аҳамияти шӯроҳои рушди ноҳияҳо дар ҳамоҳангсозии равандҳои рушди маҳал» ва ғайра маълумот дода шуд.
Ф.Ҳамидов инчунин изҳор дошт, ки муовини раиси шаҳри Панҷакент Зафар Атоев пешниҳод сохтааст, ки дар лоиҳа рушди соҳаи сайру саёҳат низ ба эътибор гирифта шавад, зеро водии Зарафшон маконест, ки айни замон дар он афзоиши шумораи сайёҳон ба назар мерасад.
«Тибқи баҳои ҳайати департамент, татбиқи лоиҳаи «Ташаббуси рушди водии Зарафшон» муваффақона ҷараён дорад ва таҷрибаи мазкурро Барномаи рушди СММ метавонад дар минтақаҳои дигари кишвар пурсамар истифода намояд», - афзуд Ф.Ҳамидов.
Ёдрас мекунем, ки татбиқи лоиҳаи «Ташаббуси рушди водии Зарафшон», ки аз ҷониби
DFID
молиягузорӣ мешавад, соли 2006 шурӯъ гардид. Татбиқи лоиҳаи бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолии ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд амалӣ мегардад.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста