Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали сардори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов изҳор дошт, ки ҳафтаи оянда дар шаҳри Кобул зимни вохӯрии роҳиоҳанчиёни Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон масъалаи сохтмони роҳи оҳан миёни ин кишварҳо муҳокима мегардад. Ӯ ёдовар шуд, ки роҳи оҳан бо хатсайри Қӯрғонтеппа-Ҳирот ва Машҳад бунёд гардида, имкон медиҳад ба Халиҷи Форс роҳи баромад пайдо гардад. Дар ин хусус вазирони корҳои хориҷии кишварҳо моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расида буданд.
«Тоҷикистон ҷиҳати сохтмони роҳ пешниҳодоти худро омода сохтааст», - гуфт В.Собкалов.
Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе зимни ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай сарони давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ин масъаларо мариди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста