Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Сармояи эълоншудаи Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи (ҶСШП) «Бонки рушди Тоҷикистон» ба 59,99 млн. сомонӣ баробар шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 108,65 дарсад зиёдтар мебошад.
Аз бонки номбурда иттилоъ доданд, ки даромади бонк аз оғози сол аз 5,5 млн. сомонӣ зиёдтар шуда, активҳои бонк ба санаи 1-уми июли ҳамин сол тақрибан 66,5 млн. сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 109,40 дарсад бештар мебошанд.
«Дар нимсолаи аввал қарзҳои додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори беш аз 87,5 дарсад афзоиш ёфта, 39,6 млн. сомониро ташкил доданд, - идома дод сарчашма. - Аз ҳаҷми умумии маблағҳои сандуқи қарзии бонк то 1-уми июли соли равон ба рушди соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 9,2 млн. сомонӣ қарз ихтисос дода шуд».
Тибқи маълумоти бонк, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ дар нимсолаи аввал ба беш аз 17,8 млн. доллари амрикоӣ баробар шудааст,
ки аз он 15,3 млн. ба муштариён дода шуда, беш аз 2,5 млн. доллари амрикоӣ маблағ ирсол гардидааст.
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Фонди хайриявии “Музаффар” намоишгоҳи гулу растанӣ - “НЕКӢ БИКОР” баргузор мекунад
Фурудгоҳи Душанбе ба далели нишасти "хатарнок"-и ҳавопаймои эронӣ беш аз 6 соат аз фаъолият боз мондааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста