Хуҷанд. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд гимназияи ғайридавлатии «Пайммони Азизон» дарҳояшро ба рӯи толибилмон боз мекунад, ки дар он аз ҷараёни таълим тавассути дастгоҳи видео назорат бурда мешавад.
Мудири гимназия Абдуҷаббор Ғанизода ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки муассиси гимназия соҳибкор Абдуаҳад Пӯлодов аст ва дар марҳилаи аввал дар он 500 нафар толибилмон бо таҳсил фаро гирифта мешаванд. Таълим бо забонҳои русиву тоҷикӣ аз синфи 1 то 11 сурат мегирад.
«Дар гимназия толори варзишӣ, ошхона, озмоишгоҳи кимиёвӣ ва синфхонаи компютерӣ бо 16 компютер мавҷуд аст», - гуфт мудир ва афзуд, ки синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти назорати видеоӣ муҷаҳҳаз мегарданд, ки он имкон фароҳам месозад, аз ҷараёни таълиму фаъолияти омӯзгорон ва дониши хонандагон мунтазам назорат бурда шавад.
«Аз синфи якум ба хонандагон дарсҳои иловагии омӯзиши забони русиву англисӣ ва компьютер гузаронида мешаванд, - идома дод А.Ғанизода. - Аз рӯи натиҷаҳои ҳар нимсола ба толибилмони пешқадам идрорпулӣ муқаррар карда мешавад».
Вай баён дошт, ки рӯзҳои наздик аз рӯи низоми тестии интихоб қабули ҳуҷҷатҳои довталабон шурӯъ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов мегӯяд, ки дар шимоли кишвар гимназияи мазкур 10-умин таълимгоҳи ғайридавлатӣ аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста