Конибодом. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Соли равон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд 17 иншооти нави таъиноти иҷтимоиву фарҳангӣ ва маишӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Сардори шӯъбаи шаҳрии сохтмони асосӣ Асрор Шарипов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар шаҳр заводи истеҳсоли хишт, мактаби кӯдаконаи санъат ва дар нуқтаи гардишгоҳи роҳи мошингарди Конибодом-Исфара-Хуҷанд чойхона ба истифода дода шудааст.
«Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои молиягузорӣ ба маблағи 1,7 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ азхуд карда шудаанд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 фоизро ташкил медиҳад, - гуфт ӯ. -Дар ҳаҷми 5 ҳазору 665 метри мураббаъ манзили зист бунёд гардид ва аз маблағи 3,3 млн. сомонии азхудкардаи сохтмончиён (187 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) 1,3 млн. сомонӣ ба аҳолӣ ва 463 сомонӣ ба соҳибкорони маҳаллӣ рост меояд.
А.Шарипов мегӯяд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ тавассути ҳашар сокинон 6 синфхонаи таълимӣ бунёд кардаанд ва имрӯзҳо сохтмони боз 9 адад чунин синфхонаҳо идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста