Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Бонки Эсхата», ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, марҳилаи аввали ҷорӣ намудани комплекси нави иттилоотӣ (Платформаи рушд дар заминаи
Oracle
) ба анҷом расид.
Аз бонки мазкур хабар доданд, ки фаъолияти муассисаи молиявии мазкур ба платформаи сермаҳсули
IT
гузаронида шуд, ки иқтидори васеи низоми идоракунии тиҷоратиро доро мебошад.
«Дар «Бонки Эсхата» ҷорӣ намудани низоми нави асосии бонкӣ дар чаҳорчӯбаи таҷдиди мустақими зерсохтори
IT
-и мавҷудаи ташкилоти қарздиҳӣ амалӣ мегардад, - иттилоъ дод сарчашма. -
Ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи самаранок дар бозор, ба бонк ҷорисозии низоми пуриқтидори марказонидашудаи иттилоотӣ зарур омад, то барои амалисозии тамоми амалиёти бонкӣ, фаъолияти баҳисобгирӣ дар як фазои иттилоотӣ ва таъмини фаврияти баланди назорати пурмаҳсули шӯъбаҳои бонк ва воҳидҳои он имкон фароҳам созад».
Маълумотнома:
ҶСК «Бонки Эсхата» моҳи ноябри соли 1993 дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфтааст. Бонки Милли Тоҷикистон соли 1994 ба бонк иҷозатнома барои фаъолиятро додааст.
Бонк дар қаламрави ҷумҳурӣ 8 шӯъба дорад.
Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, сармояи оинномавии бонк ба санаи 1-уми майи соли 2008 13 млн. 480,5 ($3,9 млн.) сомониро ташкил медиҳад. Сармояи танзимшавандаи бонк ба 31.млн. 474.5 ҳазор ($9,2 млн.) сомнӣ баробар аст. Моҳи декабри соли 2006 Бонки таҷдид ва рушди Аврупо саҳмиядори ҶСК «Бонки Эсхата» гардид.
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста