Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби 16 корхонаи паррандапарварии кишвар ҳудуди 27 млн. дона тухм истеҳсол шуд. Дар нишасти матбуотӣ муовини вазири кишоварзии ҶТ Маҳмуд Қодиров изҳор дошт, ки то охири ҳамин сол боз чаҳор корхонаи паррандапарварӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ваҳдат, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Шаҳритӯс ба фаъолият шурӯъ мекунанд.
Ба қавли М.Қодиров истеҳсоли тухм дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори беш аз 6 млн. дона афзудааст. Зикр гардид, ки айни замон дар корхонаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ 856 ҳазору 491 сар мурғ нигоҳ дошта мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 291 ҳазор сар зиёдтар аст.
Мувофиқи маълумоти вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, миқдори умумии тухми истеҳсолшуда дар ин давра ҳамагӣ 25 фоизи талаботи аҳолии кишварро қонеъ месозад.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста