Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар таърихи 22-23-уми июли соли 2008 дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҷаласаи гурӯҳи кории мутахассисон оид ба коркарди минбаъдаи тарҳи Нақшаи чорабиниҳои ИДМ бобати ташкил ва такмили асосҳои меъёрӣ оид ба меҳнат дар кишварҳои узви ИДМ барои солҳои 2008-2010 баргузор мешавад.
Мушовири дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ Мария Гутсало хабар дод, ки дар лоиҳа коркард ва таҳияи 99 маҷмӯаҳои меъёрӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз қабили «Кор дар таҷҳизот», «Истихроҷи маъдан ва корҳои иктишофии геологӣ», «Кор дар нақлиёт» ва «Корҳо дар соҳаи энергетика ва хоҷагии манзилию коммуналӣ» пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, тарҳи қаблан таҳиягашта моҳи июн дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварҳои узви ИДМ асосан маъқул шуморида шуда буд.
«Дар ҳамин ҳол, зарурати муайян кардани сарчашмаҳо ва ҳаҷми молиягузорӣ, тақсимоти он барои иҷрокунандагон ва шарикони таҳиягари маҷмӯаҳо, мӯҳлат ва ҳаҷми корҳои иҷрошуда ба миён омад, - идома дод М.Гутсало. - Аз ин рӯ аъзои Шӯро ба хулосае омаданд, ки лоиҳа аз нав коркарду таҳия гардад».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста