Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз барои таъмини интернати пиронсолону маъюбони ноҳияи Ёвон бо нерӯи барқи доимӣ хати интиқоли барқи эҳтиётӣ насб карда шуд.
Аз Фонди миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин сеюмин лоиҳаи хурдест, ки бунёди мазкур дар чаҳорчӯбаи амалисозии Барномаи Бонки рушди Олмон «Фондҳо барои мусоидати рушди таълимоти асосӣ ва зерсохтори ҷамоавӣ» дар ин ноҳия амалӣ кардааст. Тавассути татбиқи ду лоиҳаи дигар дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати Даҳана ва Гулафшони ҷамоати Чортути ноҳия биноҳои таълимӣ сохта шуданд.
«Аввали соли 2007 маъмурияти интернат унвонии фонд нома ирсол намуда, изҳор дошт, ки зимистон ҳангоми аз рӯи меъёр додани қувваи барқ онҳо дар тайёр кардани ғизову гарм нигоҳ доштани утоқҳо мушкилот доранд ва ҳарчанд ба мақомоти гуногун муроҷиат карда бошанд ҳам, касе онҳоро дастгирӣ накардааст, - идома дод сарчашма. - Пас аз баргузории таҳқиқот мақомоти роҳбарии фонд қарор дод, ки ба интернат хати интиқоли барқи эҳтиётӣ насб созад».
Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи мазкур пеш аз мӯҳлат дар давоми се моҳ амалӣ карда шудааст, ҳарчанд мувофиқи шартнома хати интиқоли барқ бояд моҳи август мавриди истифода қарор мегирифт.
Маълумотнома:
Интернати пиронсолону маъюбони ноҳияи Ёвон соли 1995 ташкил карда шудааст. Он барои 110 нафар пиронсолон ва 40 нафар кӯдакони ноқисулақл пешбинӣ гардидааст. Айни замон дар он 89 нафар пиронсолон ва 39 нафар кӯдакони маъюб зиндагӣ мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста