Душанбе. 23-уми июл. ОИ 2Азия-плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ хабарнигорони Ҷумҳурии Мардумии Чин сӯҳбат орост.
Онҳо воситаҳои бонуфузи ахбори умуми кишвари Чин, аз ҷумла радиои байналмилалии он, Агентии иттилоотии «Синхуа», рӯзномаҳои «Женмин жибао», «Гуанмин» ва «Венхуэй»-ро намояндагӣ мекунанд.
Гуфтугӯйи Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони чинӣ асосан атрофи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, мавзӯъҳои дар он баррасишаванда, сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон ва муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар
сурат гирифт.
«Тоҷикистон ба дурнамои васеи Созмони ҳамкории Шанхай эътимоди комил дорад ва ин боварӣ бар натиҷаҳои мушаххаси муштарак, ки дар муддати кӯтоҳ ба даст омадаанд, асос ёфтааст», - изҳор дошт президенти Тоҷикистон.
Президенти мамлакат муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чинро аз афзалиятҳои стратегии сиёсати хориҷии Тоҷикистон номида, таъкид дошт, ки дар рӯзҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон
бояд як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расанд ва афзуд, ки онҳо самтҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла нафту газ ва ҳамчунин соҳаҳои алоқа, кишоварзӣ ва саноатро фаро хоҳанд гирифт. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ин санадҳо барои Тоҷикистон аҳамияти таъхирнопазир ва бағоят муҳим доранд.
Э.Раҳмон ҳамчунин бо хабарнигорони маҷаллаи байналмилалии «VIP-Premier» сӯҳбат орост.
Дар сӯҳбат бо хабарнигорони
«VIP-Premier» таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили рушди имрӯзаю ояндаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, муносибатҳои он бо Федератсияи Россия ва масъалаҳои ҷаласаи навбатии созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зоҳир карда шуд.
Сарвари давлат Россияро шарики стратегии табиии Тоҷикистон арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ҳузури мутаносиби ин давлат дар иқтисодиёти чумхурии мо дар баробари ҳамгироии хуби ҳарбӣ-сиёсӣ муносибатҳои иттифоқчигии ду кишварро мукаммал намуда, мушкилоти камарзиши мавҷударо бартараф месозад.
Президенти мамлакат аз омодагии хуб ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз дар шаҳри Душанбе соли 2000-ум он дар заминаи «Панҷгонаи Шанхай» таъсис ёфта буд ва изҳор дошт, ки саммити навбатӣ ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ низ такони ҷиддӣ мебахшад.
Ӯ таъкид намуд, ки асоси ҳамаи ҳамгироиҳоро дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай
амният ва иқтисодиёт ташкил медиҳанд. дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Беш аз $3 млрд қарзи хориҷии Тоҷикистон. Душанбе аз кӣ ва чӣ қадар қарздор аст ва барои пардохти он чӣ бояд кунад?
Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи тоҷик аз “UFC” берун карда шуд
СААД хабарҳо дар бораи кумак хостани Тоҷикистон аз ин созмонро рад кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Марги 3 кас дар пайи чаппа шудани як қаиқ дар дарёи Норак
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 декабри соли 2025
Ҳукумати Толибон консулгарии Афғонистон дар Хоруғи Тоҷикистонро бастааст
“Ялдо ҷашни шодиву сур аст!”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Мақомот дар хонаи як корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дуздии барқро ошкор кардаанд
Намоиш ва фурӯши маҳсулот дар Душанбе. Муқоисаи нарх ва сифати маҳсулоти ярмарка бо бозор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста