Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Шерхон Салимзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки чанде аз кормандони Вазорати тандурустӣ ба азхудкунии маблағҳои давлатӣ ба миқдори беш аз 1 млн. сомонӣ гумонбар дониста мешаванд.
Ба қавли ӯ, аз болои аъмоли 7 нафар корманди ин вазорат, аз ҷумла сардори раёсати сохтмони асосӣ ва сармуҳосиби он парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, он барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
«Кормандони агентӣ ғайримақсаднок истифода кардани маблағҳои ҷудогардида, тавассути ширкатҳои хусусӣ ба пули нақд табдил додани онҳо ва минбаъд азхудкунии онро ошкор сохтанд, ки дар натиҷа ба давлат ба миқдори 1 млн. 52 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст», - зикр кард директори агентӣ.
Ба иттилои Ш.Салимзода, онҳо ба беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Данғара, Мӯъминобод, Шӯрообод, Ҳамадонӣ ва беморхонаи касалиҳои дили шаҳри Хоруғ техникаву таҷҳизоти фарсудаву корношоями тиббӣ харидорӣ намудаанд.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста