Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нимсолаи аввал ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 6,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 дарсад бештар аст.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки сатҳи таваррум ба 5,8 дарсад баробар аст.
Ба гуфтаи ӯ, муомилоти молии хориҷии кишвар дар нимсолаи аввал $2 млрд. 326 миллионро ташкил дод, ки ҳиссаи содирот ба $790 млн. ва воридот ба $1 млрд. 536 млн. баробар аст ва ин дар ҳолест, ки қисмати даромади буҷа ба андозаи 16 дарсад зиёдтар иҷро шуда, 1,6 млрд. сомониро ташкил медиҳад.
Мавсуф зикр кард, ки қисмати хароҷоти буҷа ба 1,8 млрд. сомонӣ (90 дарсади нақша) баробар буда, дар нимсолаи аввал ба соҳаи иҷтимоии кишвар 800 млн. сомонӣ маблағҳои буҷавӣ равона гардиданд.
«Маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон 112 млн. сомониро ташкил дода, ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои «Истиқлол», «Шар-Шар» ва «Чормағзак, купрӯкҳо дар дарёи Панҷ, кашидани хати интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон» ва сохтмони
нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» истифода шуданд», - афзуд С.Наҷмиддинов.
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?
Охири ҳамин ҳафта ҳавои Тоҷикистон каме сарду серборон мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста