Бар асари заминларзае, ки рӯзи 13 апрел дар шимолу шарқи Тоҷикистон рух дод, дар манотиқи Рашт як нафар ҷон бохта, 94 манзил пурра тахриб гардид ва боз даҳҳо бинову иншоот қисман зарар диданд.
Тоҷикистон дар минтақаи зилзилахез ҷойгир аст. Пешгӯии зилзила бошад, ғайриимкон аст, аммо сарфи назар аз ин, мехоҳем чанд қоидаи муҳимро, ки риояи он ҳангоми зилзила метавонад барои эмин мондан кӯмак кунад, хотиррасон кунем.
Бояд гуфт, ин қоидаҳо барои хонаҳое, ки аз маводи устувору пойдор ва мустаҳкам сохта шудаанд, муайян шудаанд.
Пеш аз ҳама, одамон бояд кӯлбори таъҷилӣ дошта бошанд. Дар он бояд захираи оби нӯшокӣ, чароғ, дору, ғизо ва ҳуҷҷатҳо ё нусхаи он ва як миқдор маблағ бошад. Дар ин пайванд метавонед бо рӯйхати бо лавозимоти зарурии даруни ин кӯлвор муфассал шинос шавед.
Зери девори дар
Ақидае роиҷ аст, ки зери девори дар бехатартарин макон ҳангоми заминҷунбӣ аст. Шояд ба шумо ҳам омӯзгорону волидон гуфта бошанд, ки вақти заминҷунбӣ онҷо пинҳон шавед.
Ин ақида нимаи асри ХХ, замоне, ки аксари хзонаҳо аз хисшт сохта мешуданд, маъмул гардид. Воқеан, зери девори дари чунин хонаҳо ҳангоми заминҷумбӣ то ҷойе бехатаранд.
Лекин дар сурати такону ларзишҳои сахту тӯлонӣ, ин девор ҳам метавонад фурӯ равад ва одам зери он монад.
Дар биноҳои муосир бо сабаби истифодаи технологияҳои замонавӣ ҳам деворҳои бари хона ва ҳам деворҳои болои дару тирезаҳо аз рӯйи устуворӣ якхелаанд ва имкони тахриб дар ҳама ҷо баробар мебошад;
Девори болои дар аз ашёҳои аз дигар тарафҳо афтода ҳимоя намекунад ва дарҳои маҳкамнашуда ин тарафу он тараф алвонҷ хӯрда, метавонанд ба шумо осеб расонанд.
Қоидаи секунҷаи ҳаёт
Боз як қоидаи хато, ки бештар дар интернет вомехӯрад, “секунҷаи ҳаёт” ном дошта, онро наҷотбахши амрикоӣ Дуг Коп тарғиб мекунад.
Мувофиқи назарияи ӯ, ҳангоми заминларза дар фазои паҳлӯи ягон объекти калонҳаҷм ҷой гирифтан лозим аст, масалан назди кат ё поя. Дар назар дошта мешавад, ки пас аз фурӯравии болори сақф он бояд бо ин ашё фазои озод дар шакли секунҷаро ба вуҷуд орад, ки барои шахс бехатар мешавад.
Ин ақида ба мушоҳида ва таҳлили биноҳои тахрибгардида асос меёбад. Мантиқан, агар шахс фазои холӣ (озод)-ро бубинад, яъне байни болори афтида ва масалан рахти хоб, он ҷо рафта, осеб намебинад.
Мантиқан дуруст аст, лекин дар ин назария якчанд омилҳои муҳим ба инобат гирифта нашудааст:
- аввал, на ҳама вақт ҳангоми заминларза бино тахриб мешавад. Бахусус бинои муосир. Муаллифи ақидаи “секунҷаи ҳаёт” шояд муътақид бошад, ки такону ларзишҳо ҳатман ба тахриби саросарии бино боис мегарданд;
- дуюм, агар бино ба фурӯравӣ оғоз кунад, он бисёр вақт на ҳамвору якбора батамом вайрон мешавад, балки сақф канда шуда, пора-пора ба поин меафтад. Дар чунин ҳолат, “секунҷа” наметавонад наҷот диҳад;
- сеюм, зимни заминҷунбӣ такон нисбат ба болову поён, бештар ба чапу рост эҳсос мешавад. Ашё метавонад аз назди шумо хеле ба ҷойи дуртар рафта, зери харобаҳо монад.
Аз ин рӯ, агар шумо назди ашёи хеле калонҳаҷм ҳам бошеду такону ларзишҳо ба қадре бошанд, ки биноро вайрон кунанд, ин ашё аз назди шумо гум шуда метавонад ё шуморо зер карда метавонад.
Тарки хона
Боз як ақидаи роиҷ дарҳол тарк кардани бино пас аз оғози заминларза. Ин маслиҳат танҳо дар ҳолати дар ошёнаи якум қарор доштани шумо кор меояд ва шумо имкон доред, ки дар даҳ сонияи аввал ба кӯча баромада тавонед.
Дар акси ҳол, аз хона ба берун баромадан дар баъзе ҳолатҳо бештар хатарнок ҳам мебошад:
- аввал, агар хонаи шумо болотар аз ошёнаи якум бошад, шуморо лозим меояд, ки аз зинапоя истифода баред. Истифода аз лифт боз ҳам хатарноктар мебошад. Зинапоя ҳангоми заминларзаҳои сахт ба таври хеле ҷиддӣ вайрон мешавад, аз вазни шумо низ. Ба ҳар ҳол, бо зинапоя фаромадан хеле хатарнок аст;
- дуюм, вақте ки шумо ба кӯча баромадед, дигар ашёву предмети ноустувори бино метавонанд ба замин афтанд, ки ин ҳам хатарнок аст.
Пас чӣ бояд кард?
Якчанд маслиҳату тавсияҳое ҳастанд, ки қариб ҳамаи мутахассисон онҳоро медиҳанд. Албатта, онҳо 100% шуморо наҷот намедиҳанд, лекин имкониятро бештар месозанд.

Кушодани дари даромад, зеро агар он пӯшида бошад, метавонад роҳи баромад аз пораҳои афтида банд шавад ва шумо наметавонед ба берун бароед ё шуморо имдодгарон наҷот диҳанд.
Дар ҳаммом пинҳон шудан, зеро он метавонад ба ҳуҷраҳо пайваст набошад. Инчунин агар ванна чӯянӣ бошад, зери он пинҳон шудан ҷойи бехатартарин аст.
Дур истодан аз тирезаву оина, қандилҳои калон, ҷевонҳо, зеро тибқи маълумоти оморӣ дар бисёр ҳолатҳо маҳз телевизору, ҷевонҳои китоб ва дигар ашё ба нохушиҳо боис мегарданд.
Боз чӣ метавон кард?
Бо зону ба замин афтода, фаршро маҳкам медоред, ки он метавонад шуморо аз ашё ва пораҳои афтода ҳифз кунад. Инчунин метавонед ҳаракат ҳам кунед.
Бо дар зери кату миз пинҳон шудан ҳам то ба охир расидани такону ларзишҳо, имконияти зинда мондани шумо зиёдтар мешавад.
Вақте такону ларзишҳо ба охир расиданд, беҳтараш ба берун баромадан лозим аст, зеро бино метавонад фурӯ равад. Лекин пешгӯи кардани пурра ба охир расидани заминҷунбӣ ғайриимкон аст.
Ва боз чанд тавсияи дигар агар вақти заминларза шумо дар берун бошед.
Агар шумо дар паҳлӯи бино, хати интиқоли барқ, сарпӯши хати обу корез, қубури интиқоли газ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ё дигар иншоот қарор дошта бошед, ки хатарноканд, ба масофаи бехатар рафтан аз онҳо ба фазои кушод мувофиқи максад дониста мешавад.
Бубинед, ки дар паҳлӯятон чизе набошад, ки ба саратон фурӯ равад, масалан назди биноҳо истодан лозим нест.
Дар Тоҷикистон чӣ гуна заминҷунбиҳо шуда метавонанд?
Дар Тоҷикистон озмоиши заминларза бо ҷадвали 12-баллаи Медведев-Шпонхойер-Карник (MSK-64) маъмул аст.
Ин ҷадвал соли 1964 таҳия шуда, дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маъмул буд.
Зилзилашиносони тоҷик дар навбати худ, бо истифода аз ин ҷадвал харитаи минтақаҳои сейсмикӣ (ларзиш)-ӣ ҷумҳуриро таҳия намуданд.
Ба ин тариқ, қаламрави кишвари мо ба се минтақаи сейсмикӣ тақсим шудааст, ки дар онҳо заминҷунбиҳо бо қувваи 7, 8 ва 9 балл рух дода метавонанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” чанд сол пеш доктори илмҳои физика ва математика, он замон - мудири озмоишгоҳи таҳқиқоти комплексии геофизикии Пажуҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фаршед Каримов хабар дода буд.
Мувофиқи ин санад, қисмати ғарбӣ, марказӣ ва шимолу шарқи ВМКБ, қисмати ҷанубу шарқи вилояти Хатлон, Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ ба минтақаи 9-баллии хатарнокии сейсмикӣ шомиланд. Қитъа дар ноҳияи дараи Ванҷ ва қисмати ҷанубу шарқи ВМКБ, вилояти Суғд, қисмати шимол ва қисмати ба он пайвасти ҷанубу шарқи вилояти Хатлон ба минтақаи 8-баллӣ дохиланд.

Дар қисмати ҷануб ва ҷанубу ғарби вилояти Хатлон бо шумули Қӯрғонтеппа ва Шаҳритӯс заминларзаи қуввааш то 7 балл имконпазир аст.
Ҳамаи биноҳо дар Тоҷикистон бояд бо назардошти чунин нишондиҳандаҳо сохта шаванд.
“Дар қитъаҳои ҷудогона вобаста ба шароити номусоиди хок, масалан дар ҷойҳое, ки нишебиҳои хатарноки кӯҳӣ ва обҳои зеризаминӣ ба сатҳи болоии замин наздиканд, қувваи баллҳо метавонанд зиёд шаванд. Масалан, қитъаҳои баллнокии баланд дар вақти заминларзаи Ҳоит буданд, ки қувваи он 9-10 балл арзёбӣ мешуд”, - зикр кард Каримов.