Вазир иброз дошт, ки дар муносиботи иқтисодӣ низ Русия дар мақоми аввал аст - дар нимсолаи аввал муомилоти мол миёни Русияву Тоҷикистон беш аз $554 миллионро ташкил додааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 39,4 дарсад зиёдтар аст. «Албатта, сафари расмии қарибулвуқӯъи президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ба рушду тависаи ин муносибот такони ҷиддие хоҳад бахшид», - гуфт ӯ. - Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир сохтани ин боздид омодагии ҷиддӣ мегирад ва аллакай 7 санадҳои созишномавӣ таҳия гаштаанду шояд шумораи он то шурӯъи сафар бештар гардад».
Ҳ.Зарифӣ ҳамзамон баён дошт, ки зимни боздид баррасии мавзӯи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика дар назар аст, вале қарор нест, ки мавзӯи иштироки Русия дар лоиҳаи НОБ-и «Роғун ба таври алоҳида дар он муҳокима гардад. «Ба ҳар ҳол, м
о Русияро ба консорсиуми сохтмони НОБ-и «Роғун» давъат мекунем», - гуфт ӯ.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон оид ба масъалаи гӯё мувофиқат ҳосил кардани кишвараш бобати ба ихтиёри Русия вогузор намудани 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳ чунин ибрози назар кард, ки Тоҷикистон на шифоҳиву на хаттӣ аз ин хусус ҳарфе нагуфтааст. «Чунин масоил бояд зимни гуфтушунидҳо ҳал шаванд», - гуфт ӯ дар анҷом ва афзуд, ки қарорҳои мазкур бояд шаффофу ошкоро ба тасвиб бирасанду ҷавобгӯи манфиатҳои Тоҷикистон бошанд.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста