Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия -Плюс» -
Соҳибкори пойтахт Холмаҳмад Тӯраев изҳор мекунад, ки
фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25-уми июли соли 2006, ки дар давоми ду сол дар ҷумҳурӣ ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳаи соҳибкории хурду миёнаро манъ кардааст, ба рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна такони ҷиддӣ бахшида, барои ҷалби сармоягузорон шароити мусоид фароҳам месозад.
«Мо аз ин ғамхории президент нисбати фаъолиятамон миннатдорем ва боварӣ дорем, ки фармони мазкур аз ҷониби тамоми мақомоти дахлдор риоя карда хоҳад шуд», - гуфт ӯ.
Мавсуф дар бозори «Корвон» якчанд нуқтаҳои фурӯш дорад ва бар ин назар аст, ки санҷишҳои ҳарҳафтаинаву ҳамарӯза на танҳо ба фаъолияти соҳибкорон, балки ба воридшавии маблағҳо ба буҷаи кишвар низ монеъа эҷод мекунанд, ки албатта, ба нархҳо низ бетаъсир намемонад. «Ҳангоме ки санҷишгар аз соҳибкор «ҳаққаш»-ро меситонад, дар навбати худ, ӯ даромадҳои воқеии соҳибкоронро рӯйпӯш месозад ва гузашта аз ин, соҳибкор низ маҷбур мешавад арзиши молу маҳсулотро зиёд намояд», - зикр кард соҳибкор.
Х.Тӯраев ва соҳибкорони дигар хоҳони онанд, ки фармони мазкур аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор ба таври фаҳмову дастрас шарҳу тафсир дода шавад. Ӯ дар мавриди он ки бо амалӣ гаштани фармони мазкур гӯё воридшавии маблағҳои андоз ба буҷаи кишвар коҳиш меёбанд, розӣ нест. «Аксари соҳибкорон андозро мувофиқи патент пардохт мекунанд, маблағи он бошад, барои ҳама маълум аст, - идома дод ӯ. - Аз ин рӯ, аз пардохти чунин андозҳо мо ҷои гурез надорем».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста