Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Пас аз мулоқоти дусоата бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Мартин Демпси изҳор дошт, ки Амрико Тоҷикистон ва Афғонистонро дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дастгирӣ хоҳад кард.
«ИМА барои таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон мутахассисони тоҷикро ба омӯзиш фаро хоҳад гирифт», - гуфт ӯ.
Дар мавриди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ӯ чунин изҳори
назар намуд, ки барои решакан кардани истеҳсоли нашъа дар Афғонистон тарзу воситаҳои дигари пешбурди зиндагиро ба аҳолии ин кишвар бояд пешниҳод кард.
М.Демпси бо сафари нахустини расмӣ дар таърихи 31-уми июл ба Тоҷикистон омада, бо президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон ва вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Ш.Хайруллоев мулоқот намуд. Аз Душанбе ӯ озими Бағдод гашт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста