Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаш моҳи соли ҷорӣ даромади софи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 71 фоиз афзуда, 4 миллион сомониро (беш аз $1 миллион) ташкил дод.
Аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ин давра дороиҳои бонк тақрибан 117 фоиз афзуда, аз 236 миллион сомонӣ зиёдтар шуданд. Сармояи бонк то 47 миллион сомонӣ расидааст. Ин рақам соли гузашта ба 24 млн. сомонӣ баробар буд.
Тибқи маълумоти сарчашма, сандуқи қарзии бонк нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 140 фоиз бештар гардида, 138 миллион сомониро ташкил медиҳанд.
«Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бонк ҷалби
маблағҳои аҳолӣ мебошад, - идома дод манбаъ. - Агар дар ҳамин давраи соли гузашта сандуқи депозитии бонк ба 30 миллион сомонӣ баробар буд, пас соли равон он ба 50 миллион сомонӣ расидааст».
Зикр гардид, ки айни замон бонк бо тамоми низомҳои байнулмилалии интиқоли маблағҳои пулӣ ҳамкорӣ мекунад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 100 нуқтаҳои интиқоли маблағҳои пулӣ фаъолият доранд, ки тавассути кори пурсамари онҳо ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба 180 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Таъкид гардид, ки нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти бонк бозгӯи таҳкими устувории молиявӣ ва афзоиши ҷалби сармоягузорӣ мебошад.
Дар қаламрави ҷумҳурӣ бонк дорои 8 шӯъба ва 100 нуқтаи интиқоли маблағҳои пулӣ аст. «Рӯзҳои наздик мувофиқи қарори раёсати Бонки миллӣ боз 5 шӯъбаҳои баҳисобгириву қарзии бонк ба шӯъбаҳои комил табдид дода мешаванд», - афзуд сарчашма.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста