То имрӯз дар кишзорҳои ҷумҳурӣ 70 фоизи ҳосили гандум ҷамъоварӣ карда шуд
09:38, 6 август, 2008Муаллиф: Мавҷуда ҲаÑанова
Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Аз 218 ҳазору
390 гектар
майдони кишти зироати ғалладона то имрӯз дар 157 ҳазору 60 гектараш ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин беш аз 70 фоизи ҳосили гандумро ташкил медиҳад. Сухангӯи вазорати кишоварзии Тоҷикистон Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки гандуми 140 ҳазору
954 гектар
кӯфта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳосили даравидаи гандум 268 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Соли гузашта ин рақам ба 203 ҳазору 342 тонна баробар буд. «Ҳосилнокии миёна аз ҳар гектар 19 сентнер аст», - гуфт ӯ.
Мувофиқи маълумоти вазорат, аз майдони умумии кишти зироати ғалладона, ки 284 ҳазору 237 гектарро ташкил медиҳад, дар 173 ҳазору
948 гектар
ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳаҷми умумии ҳосили кӯфташудаи зироати ғалладона ба беш аз 295 ҳазор тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 ҳазор тонна зиёдтар аст. Аз вазорат иттилоъ доданд, ки соли равон норасоии зироати ғалладона пешбинӣ намегардад, зеро нисбат ба соли гузашта 30 фоиз бештар чунин зироат кишт карда шудааст. «Айни замон кишти такрорӣ гузаронида мешавад», - афзуд сарчашма.
Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста