Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳангоми муаррифисозии намоишгоҳи маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон муовини Палатаи савдо ва саноати ин музофот Носири Муҳаммадӣ изҳор дошт, ки соҳибкорони эронӣ ба сармоягузорӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва таъсии корхонаҳои муштарак манфиатдоранд.
Ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳ, ки тайи рӯзҳои 9-14 август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, намояндагони беш аз 35 ширкат ва муассиса, ки гувоҳномаи нишони сифати аврупоиро соҳибанд, иштирок хоҳанд кард. Н.Муҳаммадӣ иброз намуд, ки баргузории намоишгоҳ ба имзои созишномаҳои тарафайн ва таъсиси корхонаҳои муштарак мусоидат хоҳад кард.
Дар намоишгоҳ 110 нафар соҳибкорони Мозандарон маҳсулоти худро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт ва то имрӯз чанде аз онҳо аллакай ба Душанбе омадаанд.
Муовини дигари раиси Палатаи савдо ва саноати музофоти Мозандарон Муҳаммад Асғарӣ дар навбати худ зикр кард, ки дар музофот сокинон асосан ба кишоварзӣ машғуланд, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо аз шолӣ, гандум, пахта, сабазавоту меваҷоти гуногун иборатанд. Ӯ таъкид сохт, ки 50 фоизи биринҷи истеҳсоли Эрон маҳз дар Мозандарон парвариш меёбад. «Ҳосили ҳамасолаи шолии Мозандарон ҳудуди 1 миллион тоннаро ташкил медиҳад», - афзуд мавсуф. Қобили зикр аст, ки қаламрави музофоти Мозандарон ба 23,7 ҳазор метри мураббаъ баробар буда, аҳолии он ҳудуди 3 миллион нафар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста