Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Кӯмаки фаврӣ ба аҳолии аз сармо ҷабрдида тавассути таъмини беморхонаҳои касалиҳои рӯҳӣ бо генераторҳои нерӯи барқ ва сӯзишворӣ ба он» ҳафт муассисаи табобати бемориҳои рӯҳии Тоҷикистон бо генераторҳои нерӯи барқи 40 кВт ва қисмҳои эҳтиётӣ барои 3 ҳазор соати корӣ таъмин карда шуданд.
Аз Департаменти гуманитарии Комиссияи Аврупо (ЕСНО) ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки генераторҳо ба муассисаҳои тиббии муолиҷаи касалиҳои рӯҳии шаҳри Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Исфара, Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ дода шуданд.
Ба иттилои манбаъ, муассисаҳои тиббии муолиҷаи касалиҳои рӯҳӣ моҳи июни соли ҷорӣ 35 ҳазор сӯзишвории дизелӣ (ба ҳар муассиса тақрибан 5 ҳазор литр) ва зарфҳои нигаҳдории онро гирифтанд ва акнун имкон доранд, ки ба давраи зимистон омодагии хуб гиранду кори мунтазами генераторҳоро таъмин созанд.
Зикр гардид, ки тамоми хароҷоти насби таҷҳизот ва ба ҳолати корӣ омода сохтани генераторҳо аз ҳисоби татбиқи лоиҳа аст.
Лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Департаменти гуманитарии Комиссияи Аврупо аз ҷониби Ҷамъияти Салиби Сурхи Нидерланд ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон амалӣ мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста