Хуҷанд. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар таъхир афтодани парвозҳо ба хатсайрҳои Русия рӯзҳои ахир терминали байнулмилалии Хуҷанд гунаҳкор нест.
Директори терминали якуми Ҷамъияти саҳомии кушоди «Нурафшон» Карим Аҳмедов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шаби 7-ум ба 8-уми август парвози ҳавопаймо ба хатсайри «Хуҷанд-Маскав», ки онро Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷикэйр» ба ӯҳда дорад, ба таъхир афтодааст. «Ҳудуди 170 нафар мусофирон шабро дар толори интизорӣ рӯз карданд, - гуфт ӯ. - Намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ ба онҳо эътиборе надода, бо хӯрок таъмин накарданд ва иллати боздошти парвози ҳавопайморо ҳам касе ба онҳо шарҳ надод».
Чунин ҳолат 8-уми август зимни парвози ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд Санкт-Петербург низ рух дод, ки парвози он аз соати 7-и субҳ то 7-и бегоҳ мавқуф гузошта шуд ва ин парвоз низ ба дӯши корхонаи «Тоҷик Эйр» вогузор гашта буд.
«Мусофирон ба роҳбарияти терминал арзу шикоят бурданд, вале гап сари он аст, ки мо ба иҷрои парвозҳои ҳавопаймоҳои мусофирбар масъул нестем, инро бояд ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба анҷом расонанд, - гуфт К.Аҳмедов. - Дар навбати худ, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сатҳи хизматрасониро баланд намоем ва бо дарназардошти ба таъхир афтодани парвозҳо мо дар терминал утоқҳои шустушӯӣ омода сохтем, то мусофирон аз он бемалол истифода баранд».
Аз терминал ҳамчунин иттилоъ доданд, ки парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия низ гоҳ-гоҳ ба таъхир меафтанд, вале ин он қадр назаррас нест.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста