Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Ширкати чиноии «Зи Экс Ҷой Инвест» дар бахши истихроҷ ва омӯзиши захираҳои маъдани уран бо Тоҷикистон ҳамкорӣ карданист.
Ахир ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин роҳбари ширкат Горден Ян аз фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ширкаташ омода аст барои корҳои ҷустуҷӯӣ ва омӯзиши уран дар Тоҷикистон
ҳамкорӣ намояд. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки чунин нақша баъди Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар
ба миён омад. «Дар паём ба таври возеҳу равшан зарурати истихроҷ ва истифодаи захираҳои фаровони урани Тоҷикистон ба миён гузошта шуд», - афзуд Горден Ян.
Мавриди зикр аст, ки «Зи Экс Ҷой Инвест» аз ҷумлаи бонуфузтарин ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва энергетикаи атомӣ
ба шумор меравад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 январи соли 2025
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста