Соли 2024 дар Тоҷикистон ба маблағи 73,9 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки 10,6% бештар нисбат ба соли пешин аст. Ба иттилои Вазорати кишоварзии ҷмуҳурӣ, ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар ба 24,5% расида, ин аҳаммияти онро дар иқтисоди ҷумҳурӣ таъкид месозад.

Дар бораи навъҳои асосии маҳсулоти кишоварзӣ, ки суръати афзоишашон аз ҳама бештар шуд, маълумот манзуратон мегардонем.

1. Эҳёи пиллапарварӣ: истеҳсоли он 1,6% афзуд

Аз рӯи суръати афзоиш пиллапарварӣ дар зинаи аввал қарор дорад: дар муқоиса бо соли 2023 истеҳсоли он 1,6 баробар афзуда, ба 361,5 тонна расид. Вазорати кишоварзӣ бар ин назар аст, ки ин натиҷаи дастгирии давлатӣ дар соҳаи кирмакпарварӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири нигоҳубину парвариши дарахтони тут аст.

Президент супориш дод, ки аз соли 2022 истеҳсолкунандагони пилла аз пардохти андозҳо барои 10 сол озод карда шаванд, то ин соҳа то миқёси истеҳсоли даврони Шӯравӣ барқарор гардад.

Дар доираи «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» обод кардани майдони тутзорҳо, нигоҳдорӣ ва афзоиши ҳосили дарахтони тут, бунёди тутзорҳои нав пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади таҳкими заминаи хӯрокаи кирмак дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ то соли 2024 шинонидани 4 млн 375 ҳазор бех ниҳоли тут ва бунёди 180 гектар тутзорҳои нав дар назар аст.

Сурат: Asia-Plus

2. Ангур, зардолу ва себ - муаррифгари Тоҷикистон

Дар ҷои дуюм – меваҳо. Дар соли 2024 ҳаҷми умумии истеҳсоли мева дар Тоҷикистон ба 823 ҳазор тонна расид, ки 23,9% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад. Ин афзоиши назаррас бо ҳосилҳои рекордии меваҳои асосӣ – ангур, зардолу ва себ таъмин гардид.

Ҳосили ангур ба 290 ҳазор тонна расид, ки 1,5 баробар зиёдтар нисбат ба соли пешин аст. Дар Вазорати кишоварзӣ зикр карданд, ки зимистони соли 2022 ҳавои сард қисми зиёди токзорҳоро нобуд карда, ба истеҳсоли он таъсири манфӣ расонид. Аммо деҳқонони соҳибтаҷриба дар муддати кӯтоҳ ба барқарор намудани токзорҳо ва афзоиши ҳаҷми истеҳсол ноил гардиданд.

Дар соли 2024 313 ҳазор тонна зардолу ҷамъоварӣ шуда, суръати афзоиш 30,5%-ро ташкил дод. Дар доираи барномаҳои давлатӣ боғҳои нав бунёд ва боғҳои кӯҳна барқарор карда шуданд. Масоҳати боғҳои зардолуи вилояти Суғд ба 51 ҳазор гектар расид, ки 35,5 ҳазор гектари онҳо ҳосилдеҳ мебошанд.

Боғҳои асосии зардолу дар Тоҷикистон асосан дар вилояти Суғд, водиҳои Зарафшон ва Ҳисор, инчунин дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷойгиранд.

Ҳаҷми истеҳсоли себ 277,7 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 22,3% зиёд мебошад. Дар Тоҷикистон технологияҳои муосири интенсивии парвариши боғҳои себ фаъолона ҷорӣ карда мешаванд. Дар боғҳои нав нақшаи 4 ба 3 метри ҷойгиркунии дарахтон истифода мешавад, ки ин ба тақрибан ду метр баландшавии дарахтони пастқад имкон медиҳад. Ба туфайли ин, ҳосилнокӣ ду баробар афзуда, ҷамъоварии ҳосили аввал аллакай дар соли сеюм ё чорум пас аз шинондан имконпазир мегардад.

Сурат: Asia-Plus

3. Ҳосили тарбуз ҳам хуб шуд

Аз рӯи суръати афзоиши истеҳсол зироатҳои полезӣ, асосан тарбуз дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Дар заминҳои ҷумҳурӣ тақрибан 1 миллиону 150 ҳазор тонна зироатҳои полезӣ ҷамъоварӣ шуд, ки 13,4% зиёдтар нисбат ба соли 2023 зиёд мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол зироатҳои полезӣ дар масоҳати беш аз 18 ҳазор гектар кишт карда шуданд. Ҳосил дар як мавсим то чор маротиба ҷамъоварӣ гардид. Навъҳои асосӣ тарбузҳои «Нексия» ва «Кримсон» буданд, ки кишти онҳо аллакай дар моҳи феврал бо истифода аз плёнка оғоз меёбад.

Аз як гектар заминҳои обёришаванда то 450 сентнер тарбуз ва аз заминҳои лалмӣ то 220 сентнер ҷамъоварӣ шуд.

Сурат: Asia-Plus

4. Ҳосили картошка беш аз 10% зиёд шуд

Аз рӯи суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ картошка дар ҷойи чорум аст. Ҳаҷми истеҳсоли он 10,4% афзуда, ба 1 миллиону 264 ҳазор тонна расид. Ин афзоиш бо васеъ намудани масоҳати кишт ва беҳтар кардани сифати тухмии картошка вобаста аст.

Дар Тоҷикистон навъҳои гуногуни картошка парвариш карда мешаванд, ки ба шароити иқлими маҳаллӣ мутобиқ шудаанд. Аз ҷумла, навъҳои машҳури картошка «Пикассо», «Тоҷикистон», «Биг Роза», «Ред Скарлетт», «Гала» ва «Космос» мебошанд.

Вобаста ба минтақаҳои кишвар навъҳои картошка бо давраҳои гуногуни пухта расидан фарқ мекунанд. Масалан, дар вилояти Хатлон асосан картошкаи барвақтӣ, дар водии Ҳисор ва ВМКБ – картошкаи миёнамуҳлат ва дар ноҳияи Тоҷикобод – картошкаи дерпаз парвариш карда мешавад. Ҳамчунин дар Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони маҳаллӣ ва Маркази байналмилалии картошкапарварӣ навъҳои ватанӣ, аз қабили «Зарина», «Дӯстӣ», «Файзобод» ва «Шукрона» коркард ва парвариш мешаванд.

Сурат: Asia-Plus

5. Пиёз: ҳосили рекордӣ ва навъҳои маъруф

Соли 2024 дар Тоҷикистон ҳосили рекордии пиёз ҷамъоварӣ шуд – 837 ҳазор тонна. Ин нишондиҳанда 7,3% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст. Дар ҷумҳурӣ ин зироат дар масоҳати зиёда аз 17 ҳазор гектар кишт шудааст.

Бино ба маълумоти портали atlasbig.com, Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми истеҳсоли пиёз ба ҳар сари аҳолӣ - зиёда аз 65 кг - пас аз Нидерланд дар ҷаҳон дар зинаи дуюм аст. Пиёз аз ҷумҳурӣ асосан ба Русия ва Қазоқистон содир мешавад.

Дар Тоҷикистон навъҳои гуногуни пиёз парвариш карда мешаванд, ки бо хусусиятҳо ва ҳосилнокии худ фарқ мекунанд. Дар байни онҳо навъи «Пешпазак» диққати махсусро ҷалб мекунад, ки дар дохили ҷумҳурӣ ихтироъ шудааст. Ин як навъи кутоҳмуддат буда, дар моҳҳои май ва июн ҳосили баланд медиҳад - аз як гектар 30-45 тонна. Навъи маъруфи дигар «Дӯстӣ» мебошад, ки пухтанаш миёнамуҳлат буда, барои парвариш дар шароити гуногуни иқлими минтақа мувофиқ аст.

Сурат: Asia-Plus

Дар Тоҷикистон маъмулан навъи «Испанский 313» кишт мешавад, ки худро ҳамчун як варианти боэътимод барои деҳқонони маҳаллӣ нишон додааст. Навъи «Самаркандский красный 172» бо қобилияти хуби нигоҳдорӣ фарқ мекунад, ки онро барои захираи дарозмуддат мувофиқ мегардонад. Навъи «Ҷайҳун», ки ба категорияи навъҳои барвақтӣ ва серҳосил дохил мешавад, сазовори зикри алоҳида аст. Масалан, кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Фарғона» дар ноҳияи Панҷ ин навъро фаъолона истифода бурда, он ба онҳо ҳосили устуворро таъмин мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.