Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон пагоҳ, 15-уми январ, бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар додаанд.
Қаблан аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки дар доираи сафари Масъуд Пизишкиён ба ғайр аз мулоқоти роҳбарони ду кишвар, инчунин, дигар вохӯриву гуфтугӯҳо ва имзои чанд санади мухталиф дар назар аст.
Ҳамчунин, дар доираи ин сафар як ҳайати баландпоя иборат аз соҳибкорону тоҷирони эронӣ низ ба Душанбе меоянд ва бо ҳамтоёни тоҷики худ масъалаи ҳамкориро баррасӣ мекунанд.
АМИТ “Ховар” менависад, дар доираи сафар баргузории Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон дар назар аст.
Бояд гуфт, Масъуд Пизишкиён ҳамчун раисҷумҳури Эрон бори нахуст ба Тоҷикистон меояд.
Дар хусуси барномаи ин сафар муфассал дар матлаби “Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва имзои чанд санад. Бархе ҷузъиёти сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон” мутолиа кунед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста