ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 14 ЯНВАР

Соли 1939 – Дар Тоҷикистон нахустин пойгоҳи зилзиласанҷии “Душанбе” ба кор даромад.

Соли 1959 – Дар пойтахти Тоҷикистон Анҷумани ғайринавбатии XII-уми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баргузор шуд.

Соли 1972 – Аввалин корхонаи чармгариву пойафзолдӯзии “Душанбе” дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Дар бораи вазъи кунунии ин соҳа маълумоти бештарро метавонед аз ин мавод мутолиа кунед.

Соли 2004 – Дар Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор гардид.

Соли 2010 – Вазорати энергетикаи ҶТ лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Нуробод-1”, ки аз сӯи ширкати чинии "CTEAS" сохат мешуд, маъқул шуморид.

Соли 2015 – Дар Хуҷанд киностудияи хусусии “Суғдсинамо” ба фаъолият оғоз кард. Машҳуртарин филмҳои ин киностудия “12 соли интизорӣ”, “Тангно” ва “Сайёра ранг иваз мекунад” мебошад.

Кадр аз филми "12 соли интизорӣ"

Соли 2016 – Дар Тоҷикистон бастани ақди никоҳ байни хешовандони наздик манъ карда шуд.

Соли 2016 – Дар кишвар қонунгузорӣ барои танзими интихоби номҳо барои навзодон қабул шуд.

Соли 2017 – Реҷаи маҳдудияти интиқоли барқ (лимит) дар Тоҷикистон бекор карда шуд. Бояд гуфт, имрӯз маҳдудияти барқ яке аз мушкилоти асосии мардум боқӣ мемонад ва сокинони аксар минтақаҳои кишвар шикоят доранд, ки ҳатто реҷа, ки мувофиқи он 10 соат барқ бояд дода шавад, риоя намегардад ва ҳатто дар баъзе манотиқ то 3 шабонарӯз барқ намегиранд.

Соли 2017 – Дар шаҳри Парижи Фаронса маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Монако баргузор гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1843 – Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, пизишк ва шоири форс-тоҷик дар Шаҳрисабз аз олам даргузашт.

Соли 1919 – Мавлуди Нина Назарова, нахустин декани факултети иқтисод дар Тоҷикистон.

Соли 1926 – Мавлуди Мирзо Наимов, доктори илмҳои таърих, профессор.

Соли 1951 – Зодрӯзи Абдуманнон Тошматов, олим, мусиқишинос, номзади илмҳои педагогӣ.

Соли 1951 –  Мавлуди Майрам Турсунова, ҳунарпешаи театру синамо.

Майрам Турсунова

Соли 1955 – Мавлуди Наим Ҳакимов, мусиқишинос, номзади илмҳои санъатшиносӣ, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.

Наим Ҳакимов, мусиқишинос, муҳаққиқи таърихи “Шашмақом” ва мусиқиву ҳунарҳои миллии тоҷикӣ буда, як муддат Раиси намояндагии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ буд.

Ӯ бо нашри як силсила асарҳо дар риштаи мусиқӣ ва ташаббусҳо дар ин самт номвар аст. Наим Ҳакимов муаллифи 26 китобу монография, 200 мақолаи илмӣ, мураттиби 50 китобу маҷмӯа ва дастурамалҳои таълимӣ мебошад.

Ӯ дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб захмӣ шуда, 28 декабри соли 2015 дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1986 – Мавлуди овозхон Муҳаммадрофеи Кароматулло, фарзанди Кароматулло Қурбонов, овозхони шинохтаи кишвар.

Муҳаммадрофеъи Кароматулло

Муҳаммадрофеъи Кароматулло, овозхон ва оҳангсози тоҷик дар оилаи Кароматулло Қурбонов, сарояндаи маъруфи тоҷик ба дунё омада, шурӯъ аз соли 2006 ба саҳнаи санъати тоҷик  қадам ниҳод. Хоҳари ӯ Нозияи Кароматулло низ яке аз сарояндагони маҳбуби кишвар аст.

Муҳаммадрофеъ аз соли 2010 роҳбари бадеии ансамбли эстрадии “Ориё” дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон мебошад ва беш аз 100 тарона сабт кардааст. Соли 2021 ин овозхон бо унвони “Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардид.

Соли 2015 – Соат Чалишев, омӯзгор, адабиётшинос ва фолклоршиноси тоҷик дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

45 сол пеш дар ҳамин рӯз Маҷлиси ғайринавбатии Ассамблеяи генералии СММ вуруди нерӯҳои шӯравӣ ба Афғонистонро маҳкум намуд. Дар тамоми ҷаҳон ин қарор ҳамчун таҷовуз қабул гардид. Ғарб ба вуруди нерӯҳо таҳримҳои васеи иқтисодӣ ва сиёсӣ ҷорӣ кард.

14 апрели соли 1988 Созишномаҳои Женева барои ҳалли масъалаи Афғонистон имзо шуданд. То 15 феврали соли 1989 тамоми нерӯҳои шӯравӣ пурра аз Афғонистон хориҷ гардиданд.

Дар Ҳиндустон ҳамасола 14 январ Фестивали байналмилалии паррандаҳои коғазӣ гузаронида мешавад. Ин чорабинӣ дар ғарби Ҳиндустон, дар шаҳри Аҳмадобод, ки бузургтарин шаҳри иёлати Гуҷарот мебошад, баргузор мегардад.


Дар Фестивали байналмилалии паррандаҳои коғазӣ касбомӯзон ва дӯстдорони ин ҳунар, истеҳсолкунандагон ва коршиносони паррандаҳои коғазӣ на танҳо аз Ҳиндустон, балки аз тамоми гӯшаҳои дунё ҷамъ меоянд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 14 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар водиҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4-6º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.

Asia-Plus

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4-6º сард, рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 32-37º сард, дар баъзе минтақаҳо то 48-50º сард, рӯзона 20-25º сард.     

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 16-18º сард, рӯзона 2-4º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.