Дар Индекс (шохис)-и гузариши энергетикӣ дар соли 2024, ки ҳамасола аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum, WEF) нашр мешавад, Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Маркази дар мақоми аввал қарор дорад. Байни 120 кишвар Тоҷикистон бо касби 53,6 балл дар зинаи 71-ум ҷойгир шудааст.
Ин нишондиҳанда ба Тоҷикистон имкон додааст, ки дар зинаҳои пештар аз Қазоқистон (мақоми 98-ум - 50,1 балл) ва Қирғизистон (мақоми 80-ум - 52,7 балл) қарор гирад. Ӯзбекистон ва Туркманистон ба радабандӣ шомил нашудаанд.
Индекси гузариши энергетикӣ (Energy Transition Index, ETI) - арзёбии маҷмӯавии низомҳои энергетикии кишварҳои ҷаҳон мебошад, ки ба ду нишондиҳандаи калидӣ асос ёфтааст: самаранокии низоми энергетикӣ (60%) ва омодагӣ ҷиҳати гузариш ба модели устувор (40%). Байни омилҳои таъсиррасон ба балли умумӣ дастрасӣ ба энергия, устуворӣ, сатҳи навгониҳо (инноватсияҳо), ҳолати зерсохтор, инчунин дастгирии сиёсӣ ва фаъолмандии сармоягузорӣ дар соҳа ба инобат гирифта мешаванд.
Пешсафони радабандии ҷаҳонӣ маъмулан кишварҳои Аврупои Шимолӣ мебошанд: Шветсия - 78,4 балл, зинаи 1-ум, Дания - 75,2 балл, зинаи 2-юм ва Финландия - 74,5 балл, зинаи 3-юм. Нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ 56,5 баллро ташкил додааст, ки каме аз натиҷаи Тоҷикистон балндтар аст.
Байни давлатҳои ИДМ ва минтақаи Хазар (Каспий) дар соли 2024 Озарбойҷон бо 60,3 балл ва мақоми 38-ум пешсаф мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста