Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба 12 кишвари аз бӯҳрони ғизоӣ зарардида 30 млн. доллари амрикоӣ маблағи иловагӣ ҷудо мекунад.
Тибқи хабари маркази иттилооти СММ, ҳафтаи гузашта қарор шудааст, аз ҳисоби Фонди Марказии пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи созмон ба 12 кишвари аз бӯҳрони ғизоӣ зарардида - Тоҷикистон, Ҷибути, Эритрея, Кения, Буркина-Фасо, Бурунди, Лесото, Мадагаскар, Нигер, Покистон, Йемен ва Зимбабве боз 30 млн. доллари амрикоӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда шавад.
«Ба иллати хушксолӣ, ҳосили ночиз, афзоиши нархи маводи озуқа ва сӯзишворӣ миллионҳо нафар аҳолии ин кишварҳо дар ҳоли фақру нодорӣ қарор доранд», - изҳор доштааст муовини дабири кулл оид ба масоили гуманитарӣ Ҷон Холмс.
Соли равон аз фонди марказии пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ба ин мақсад 60 млн. доллари амрикоӣ ихтисос дода шуда, то ахири сол боз 12 млн. доллари амрикоӣ ҷудо карда мешавад.
Соли 2005 Фонди гардиши ҳолатҳои фавқулодда ба Фонди марказии пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи созмон табдил дода шуда, то имрӯз ҷиҳати табиқи лоиҳаҳои пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар 62 кишвари ҷаҳон 900 миллион доллари амрикоӣ маблағ равона сохтааст. Фонди мазкур бо сармояи оинномавии 500 млн. доллари амрикоӣ аз ҳисоби
маблағҳои воридии ихтиёриён афзоиш меёбад ва ба он ҳам кишварҳои узв ва ҳам бахши хусусиву шахсони алоҳида саҳмгузор шуда метавонанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста