Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз дар ду маҳаллаи аҳолинишини шаҳри Кӯлоб намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Қубодиён шурӯъ шуд.
Раиси ҷамоати Навободи ноҳияи Қубодиён Қосим Ҷебов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки кишоварзони ноҳия ба шаҳри Кӯлоб беш аз 70 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 40 сар чорвои майда оварданд.
Ба гуфтаи ӯ, маҳсулот бо нархи нисбатан арзон ва хоҳишнамудаи сокинони маҳаллаҳо фурӯхта мешавад. «Пас аз огоҳӣ бо нархҳои бозорҳои шаҳр мо нархи маҳсулоти худро 60 фоиз арзонтар кардем», - гуфт К.Ҷебов. Барои намуна, агар дар бозорҳои шаҳри Кӯлоб арзиши як кило сабзӣ се сомонӣ муқаррар шуда бошад, дар намоишгоҳ онро бо арзиши 1 сомонӣ харидан мумкин буд. Тарбуз ҳам бо чунин нарх фурӯхта мешуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста