Душанбе. 13-август. ОИ «Азия-Плюс» - Сиёсатшиноси тоҷик, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавриди изҳороти раиси ҷумҳури Гурҷистон бобати аз ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хориҷ гардидани ин кишвар изҳори тааасуф намуда, гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ин ҳолат бозгӯи воқеияти ҳаққонии вазъ дар тамоми ИДМ шуда наметавонад ва барои давлатҳои иттиҳод аҳамияти муҳимеро ҳам касб нахоҳад кард. Мавсуф мӯътақид аст, ки чунин қарор бидуни иродаи мардум қабул шудааст.
«Саакашвили ҳамеша барои фаъолияти самараноки иттиҳод ва ҳамкориҳои муфиди ҷонибҳо монеъа эҷод месохт, - гуфт ӯ. - Ман аз эҳтимоли аз ИДМ хориҷ гаштани Гурҷистон изҳори таассуф мекунам, вале пас аз таҷовуз ба мардуми кишвари хеш чунин қарори Саакашвилиро танҳо шодбош гуфтан мумкин асту халос». Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки иттиҳод ба афроде, ки террору қатли омро пуштибонӣ мекунанд, ниёз надорад.
Зимни посух ба суол дар мавриди он ки шояд Украина низ думболи Гурҷистон чунин қарор қабул намояд, С.Сафаров гуфт, ки «Украина нисбат ба Гурҷистон бо кишварҳои узви ИДМ, бахусус бо Русия робитаҳои густардае дорад, аз ин рӯ, хориҷ гаштани он аз эҳтимол дур аст».
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста