Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Пас аз анҷоми рӯзи якуми ҷаласаи 29-уми Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифоъи ҳавоии назди вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ раиси Академияи низомии дифоъи фазоии Русия Олег Балаян изҳор дошт, ки Русия ва кишварҳои дигари узви ИДМ минбаъд низ дар рушди нер
ӯ
ҳои низомии дифои ҳавоии То
ҷ
икистон саҳм хоҳанд гузошт.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо соли равон Русия баҳри таҳкими нерӯҳои низомии дифоъи ҳавоии Тоҷикистон 4 млн. рубли русӣ қарзи бебозгашт ҷудо намудааст. Мавсуф зикр кард, ки айни замон сатҳи омодагии нерӯҳои низомии дифоъи ҳавоии Тоҷикистон аз баъзе кишварҳои дигари узви ИДМ камӣ надорад.
«Мо омодаем ба Тоҷикистон дар омода сохтани мутахассиони касбии ин соҳа дар муассисаҳои таълимии Русия ҳамаҷониба ёрӣ расонем», - гуфт ӯ.
Котиби кумита, полковники нерӯҳои низомии дифои ҳавоии Русия Роман Викторов иттилоъ дод, ки иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли 2008, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли оянда ва баргузории чорабиниҳои муштарак дар семоҳаи чоруми соли ҷориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
«Дар ҷаласаи кумита қарор шуд, ки тамринҳои навбатии низомии нерӯҳои ҳарбии дифоъи ҳавоии кишварҳои узви ИДМ тобистони соли оянда дар тамрингоҳи Ашулуки вилояти Астрахани Русия баргузор хоҳанд шуд», - гуфт Р.Викторов.
Имрӯз иштирокчиёни ҷаласа дар чорабиниҳои методиву омӯзишӣ, ки дар гӯшаи шаҳри Душанбе доир мегардад, ширкат хоҳанд варзид.
Ёдрас мекунем, ки ба ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифоъи ҳавоии назди вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфармондеҳони нерӯҳои низомии дифои ҳавоии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия, Украина ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста