Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе 8 нафар аъзои шабакаи траснмиллии қочоқи маводи мухаддирро, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон гунаҳкор дониста мешаванд, ба мӯҳлатҳои дарозмуддати маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.
Чуноне ки ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Додгоҳи Олии Тоҷикистон хабар доданд, мурофиаи додгоҳии пурсарусадо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба интиқоли ғайриқонунии 400 кило маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Ӯзбекистон даст доранд, дирӯз ба анҷом расид.
Додгоҳи гарнизони шаҳри Душанбе роҳбари гурӯҳ полковники мустаъфӣ Анвар Шоимардоновро ба муддати 19 сол, сардори қисми низомии марзбонии 2720-и дар ноҳияи Шаҳритӯс қарордошта Файзулло Ҳакимовро ба муддати 18 сол, ронанда Абдуҷаббор Маҳмадаминов, хизматчии ҳарбӣ Амриддин Қирғизов, аъзои гурӯҳ Парвиз Тошевро ба муддати 15,5 сол ва аъзои дигари гурӯҳ Зокирҷон Тӯраев, Исматулло Ортиқов ва Иззатулло Аллаевро ба муддати 16 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Барои ҳамаи маҳкумшудагон адои ҷазо дар зиндони низоми шадид ва мусодираи молу мулк муқаррар шуд.
Тибқи маълумоти маводи парвандаи ҷиноӣ, аъзои гурӯҳ аз афроди ношиноси афғон маводи мухаддир дастрасӣ намуда, дар шаҳри Турсунзода мехостанд онро ба шаҳрвандони Ӯзбекситон фурӯшанд. Гуфтушуниди ҷинояткорон моҳи ноябри соли 2007 сурат гирифта, онҳо моҳи январи соли 2008 дар қаламрави Тоҷикистон бо далелҳои шайъӣ дастгир карда шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста