Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ноҳияҳои Синои пойтахт ва Рӯдакӣ сохтмони мактабҳои нав оғоз гардид. Аз Маркази идоракунии доиҳаҳои соҳаи маориф ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки мактабҳо дар доираи татбиқи Лоиҳаи бурси Фонди каталитикӣ бунёд гардида, ҳар кадоме барои таҳсили 300 нафар толибилмон пешбинӣ шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Сино бунёди муассисаи таълимиро ширкати сохтмонии «Монолит-05» ва дар ноҳияи Рӯдакӣ яке аз сохторҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Душанбестрой» ба ӯҳда гирифтаанд. Анҷоми сохтмони иншоот соли нави хониши 2009-2010 ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон дар доираи татбиқи Лоиҳаи бурси Фонди каталитикӣ таҷдид ва сохтмони 12 иншооти соҳаи маориф дар шаҳрҳои Душанбеву Истаравшан ва ноҳияҳои, Рӯдакӣ, Дарвоз, Ванҷ, Панҷакент, Ҳисор, Шаҳринав, Мастчоҳ ва Ғончӣ идома доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста