Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Бо қисман пардохтани қарзи мавҷуда аз ҷониби Тоҷикистон Ӯзбекистон интиқоли газро ба ҷумҳурӣ афзун намуд.
Муовини аввали раиси Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз» Шавкат Шоимов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки якчанд рӯз аст, ки аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 35 ҳазор метри мукааб (ҳудуди 840 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз) газ интиқол дода мешавад.
Мавсуф зикр кард, ки афзоиши ҳаҷми интиқоли газ имкон дод, ки фаъолияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиказот» барқарор карда шавад. Айни замон Корхонаи алюминии Тоҷикистон «Талко» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» дар ҳаҷми пурра бо газ таъмин мебошанд.
«Феълан мо боз ҳам афзун намудани ҳаҷми интиқоли газро аз Ӯзбекистон хоҳиш нахоҳем кард, зеро ҳаҷми мавҷуда кофист», - гуфт ӯ ва афзуд, ки аҳолӣ низ бо газ таъмин аст, вале танҳо онҳое, ки қарзи истифодаи онро пардохт намудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста