Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 21-уми август дар шаҳри Ереван доир мегардад, масъалаҳои таъмини амният дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳод ва ҳамкории мутақобилаи давлатҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ҷаласаи шӯро иштироки вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев дар назар аст.
Бино ба иттилои манбаъ, аз эҳтимол дур нест, ки вазирони мудофиаи кишварҳои иттиҳод атрофи сабабҳо ва оқибати қазияи бархӯрди низомии Гурҷистону Осетияи Ҷанубӣ низ табодули афкор хоҳанд намуд.
Ёдрас мекунем, ки Шӯрои вазирони мудофиаи кишврҳои узви ИДМ 14-уми феврали соли 1992 бо қарори Шӯрои сарони кишварҳо таъсис дода шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста