Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Ассотсиатсияи идоракунандагони зиддибӯҳронии ҷумҳурӣ ҷиҳати ворид сохтани як қатор тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ», ки соли 2003 қабул шуда буд, ба парлумон пешниҳод ироа кард.
Мунир Каломуллоев, идоракуни зиддибӯҳронии ассотсиатсия, номзади илмҳои иқтисодӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳадаф аз иқдоми мазкур соддакунии монеъаҳои тартиботи эътирофи муфлисшавӣ ва баланд бардоштани мақоми кишвар дар таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ мебошад.
Тибқи рейтинги Бонки ҷаҳонӣ «Оид ба роҳ мондани фаъолияти тиҷоратӣ», аз рӯи нишондиҳандаи қатъи фаъолияти тиҷоратӣ тавассути тартиботи муфлисшавӣ Тоҷикистон дар байни 178 кишвар мақоми 99-умро ишғол менамояд. Мавсуф чунин баён дошт: «Ҷумҳурӣ нисбат ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, чун Русияву Гурҷистону Қазоқистон мақоми болотарро соҳиб аст, вале сарфи назар аз он, минбаъд низ ислоҳотро дар самти соддакунии тартиботи муфлисшавӣ бояд идома дод, зеро тавассути он ҷалби сармояҳо ба иқтисоди кишвар афзоиш хоҳад ёфт. Албатта, он дар рейтинги Бонки ҷаҳонӣ низ дарҷ хоҳад гардид, ки он нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байнулмилалӣ ба маротиб боло хоҳад бурд, зеро рейтинги Бонки ҷаҳонӣ асноди заминавӣ барои сармоягузорони хориҷӣ маҳсуб мешавад».
Ба ақидаи коршиносони иттиҳодияи ҷамъиятии «Ассотсиатсияи идоракунандагони зиддибӯҳронии ҷумҳурӣ», тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба соддакунии назарраси тартиботи эътирофи муфлисшавӣ мусоидат карда, ба соҳибкорон имкон фароҳам месозанд, ки вақт ва хароҷоти пулиро сарфа намоянд. «Дар ҳамин ҳол, қобили қайд аст, ки ҷорӣ сохтани тағйироту иловаҳои пешбинишуда аз буҷаи ҷумҳурӣ хароҷот талаб намекунанд, баръакс, молиягузории як қатор мақомоти марбут ба баррасии эътирофи муслифшавӣ коҳиш хоҳад ёфт», - таъкид сохт дар анҷом М.Каломуллоев.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста