Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯзҳо дар саросари мамлакат ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ босуръат идома дорад. Сухангӯи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки тибқи маълумоти фаврӣ
ба ҳолати 18 августи соли ҷорӣ аз майдони 284870 гектари зироатҳои ғалладона, 200 ҳазору 524 гектараш даравида шуда, 70,4 фоизро ташкил медиҳад, инчунин 188 ҳазору 602 гектараш кӯфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта
гектари зироатҳои ғалладонагиро кӯфта буданд, ки ҳосилаш 2315 ҳазору 091 тоннаро ташкил медод.
Соли ҷорӣ бошад, ҳосили умумии кӯфташуда,
то ба ин ҳангом 347 ҳазору 947 тоннаро дар бар мегирад, ки ин дар муқоиса ба соли гузашта 32
ҳазору 856
тонна зиёд мебошад.
Аз он ҷумла 81%-и кишти ғалладонагиро гандум ташкил дода, то имрӯз дар майдони 177,4 ҳаз. га дарав гузаронида шудааст.
Миқдори умумии гандуми кӯфташуда 317 ҳаз.тн. буда, нисбати соли гузашта 83 ҳаз.тн. зиёд мебошад(с.2007 234 ҳаз тн.).
Дар ин маъракаи бағоят муҳим
аз комбайнҳои ғалладаравӣ
самаранок истифода бурда мешавад. Ҳамарӯза дар майдонҳои ғаллазор то 96 адад
комбайнҳо истифода бурда мешавад. Ҳар як комбайн бо ҳисоби миёна дар як шабонарӯз то 4-5 гектарро дарав карда, кори даравгаронро осон мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста