Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Тоҷикистон меъёрҳои умумии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро (ИМА) оид ба нахи пахта чун меъёрҳои байнулмилалӣ қабул менамояд.
Имрӯз сармутахассиси раёсати робитаҳои байнулмилалии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Тиловмурод Дониёров ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки иқдоми мазкур бо мақсади баҳодиҳии воқеии сифати нахи пахта, афзоиши нарху имконоти содироти он ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истеҳсолкунандагону сармоягузорон роҳандозӣ мешавад.
Мавсуф зикр кард, ки тибқи маълумоти мушовирони байнулмилалии Бонки рушди Осиё, фурӯхтани нахи пахтаи тоҷик бо меъёрҳои байнулмилалӣ имкон медиҳад, ки қиммати он ба андозаи 80-82 доллари амрикоӣ зиёдтар карда шавад, ки дар натиҷа аз 10 то 15 млн. доллари амрикоӣ фоидаи иловагӣ ба даст хоҳад омад.
Мутахассисони вазорати кишоварзӣ дар ҳамдастӣ бо коршиносони хориҷӣ ва Бонки рушди Осиё бар асоси шаш меъёри Департаменти кишоварзии ИМА меъёри техникии нахи пахтаро таҳия сохтанд, ки аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» тасдиқ гардида, ба рӯйхати давлатӣ дохил карда шуданд.
Барои гузаштан ба меъёрҳои байнулмилалии баҳодиҳӣ ба сифати нахи пахта ҳалли як қатор масоили истеҳсол ва фурӯши он зарур аст. «Бо ин мақсад вазорат бо ҷалби коршиносону мутахассисони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ таъсиси гурӯҳи ҳамоҳангсозро дар сатҳи ҳукуматӣ пешниҳод менамояд», - гуфт дар анҷом Т.Дониёров.



Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста