Душанбе. 25 -уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Зиёиёни тоҷик аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, ки ба шоир ва сиёсатмадори афғон Латифи Пидром паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.
Аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ахиран гурӯҳҳои тундгарои Афғонистон бо мақсади паст кардани обрӯву эътибори сиёсатмадор ва адиб Л.Пидром иқдомоти тӯҳматангез роҳандозӣ мекунанд.
«Тӯли 15 соли ахир шоир Латиф Пидром аъзои раёсати Ҷамъияти форсизабонони ҷаҳон - «Пайванд» буда, дар як вақт ҳамчунин ба Конгресси миллии Афғонистон роҳбарӣ мекунад», - изҳор дошт манбаъ.
Тибқи назари зиёиёни эҷодкори Тоҷикистон, таъқиботи Л.Пидром пас аз изҳороти ӯ оид ба мушкилоти аққалиятҳои миллӣ ва риояи ҳуқуқи занон дар ин кишвар оғоз ёфтааст.
«Ахиран барои интиқоди ӯ аз фаъолияти амири Афғонистон Амонуллохон, ки аввали қарни ХХ аз ҷониби ҳизби «Афғон миллат» дар кишвар ҳукмронӣ кардааст, таъқибот шадидтар гаштааст», - таъкид сохт сарчашма.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста